Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвариши пахта дар Узбакистон коҳиш меёбад


Узбакистон нақша дорад, ки дар чаҳор соли оянда истеҳсоли пахтаро аз 3 миллиону 350 ҳазор тонна то 3 миллион тонна коҳиш диҳад. Ин иттилоъ ахиран аз забони президенти Узбакистон Ислом Каримов дар ҷараёни ҷаласаи васеи девони вазирон дар Тошканд садо дод.

Ӯ гуфт, чунин иқдом ба поин рафтани нархи пахта ва коҳиши талабот ба он дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад. Раиси ҷумҳури Узбакистон зикр кардааст, 170,5 ҳазор гектар замине, ки аз ҳисоби накоштани пахта озод мешавад, пеш аз ҳама барои кишти сабзавот, аз он ҷумла картошка, маводи хӯроквории чорво, маҳсулоти равғандор, таъсиси боғҳо ва токзорҳо истифода хоҳад шуд.

Пахта маҳсулоти асосии содиротии Узбакистон аст ва аз роҳи ҷалби оммавии мардум ҷамъоварӣ мегардад. Ҳамасола созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Узбакистон барои истифодаи маҷбурии нерӯи корӣ ба ҳангоми ҷамъоварии пахта интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG