Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангиёни ДИ 400 нафарро дар шарқи Сурия рабуданд


Аъзои гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” на камтар аз 400 сокини маҳаллӣ аз ҷумла занону кӯдаконро дар шарқи Сурия рабуданд.

Тавре созмони Syrian Observatory for Human Rights хабар медиҳад, ҳамаи ин сокинон бошандагони шаҳри Дайр-эз-Зор, ки таҳти нуфузи нерӯҳои ҳукумат қарор дорад, ҳастанд. Як рӯз қабл аз одамрабоӣ ҷангҷӯён ба ин минтақа ҳамла карданд.

Роҳбари созмон, Рамӣ Абдулраҳмон хабар дод, ки миёни рабудашудагон наздикони нерӯҳои ҳарбии ҳукуматӣ низ ҳастанд. Абдулраҳмон мегӯяд, эҳтимол ин афрод қатл мешаванд ва ё ҳамчун барда истифода бурда хоҳанд шуд. Оҷонсии давлатии SANA пештар хабар дода буд, ки дар ҳамла ба шаҳри Дайр-эз-Зор на камтар аз 300 сокин кушта шудааст, ки қисми зиёди онҳо пирсолон ва занону кӯдакон ҳастанд. ДИ дар ҳоли ҳозир аксарияти ҳудуди вилояти Дайр-аз-Зор ва маркази маъмурии онро дар назорат дорад.

XS
SM
MD
LG