Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дувуми санҷишии “Хуҷанд” ва “Истиқлол” боз мусовӣ шуд


Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"
Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

Бозии дувуми санҷишии «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Бозии дувуми санҷишӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар доираи омодагии ҳарду даста ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2016 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, дар майдони маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Ёдовар мешавем, бозии аввали санҷишӣ миёни ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта буд.

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД» — 2:2

Голҳо: Александр Каблаш, 61 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 62 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 76 (1:2). Амирҷон Сафаров, 85 (2:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Алишер Додов, 46), Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев (Артур Губайдулин, 70), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Александр Каблаш, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов (Амирҷон Сафаров, 70).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Илҳом Баротов (Руслан Раҳматов, 90), Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Каримов, Сафаралӣ Каримов, Дилшод Бозоров (Саидҷон Шарифов, 75), Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 86)

Огоҳонида шуд: Илҳом Баротов («Хуҷанд»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

15 январ. Қайроққум. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 300 тамошобин.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав бо тимҳои Узбакистон дар шаҳри Тошканд се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. «Истиқлол» 19 январ бо «Олмалиқ»-и вилояти Тошканд, 22 январ бо «Нефтчӣ-и Фарғона» ва 25 январ бо “Насаф”-и Қаршӣ рақобат мекунад. Бозиҳо дар шаҳри Тошканд, дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи “Бунёдкор”, баргузор мешаванд.

“Истиқлол” ба Тошканд дар рӯзи ин бозиҳо аз шаҳри Қайроққум, ки феълан дар ин ҷо ҷамъомади таълимиву тамринии даста ҷараён дорад, сафар хоҳад кард.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол»

19 январ (сешанбе)

«Олмалиқ» — «Истиқлол»

22 январ (ҷумъа)

«Нефтчӣ» — «Истиқлол»

25 январ (душанбе)

«Насаф» — «Истиқлол»

Оғози бозиҳо – соати 15:00.

XS
SM
MD
LG