Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зани 48-сола дар дарёи Кофарниҳон


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Рӯдакиро ба гумони қатли зани 48-сола аз Шаҳринав боздошт кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 17 январ бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ин мард рӯзи шанбе дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор дастгир шудааст.

Ба итилои манбаъ, “гумонбаршуда рӯзи 11 январ ба далели муноқиша бо зани 48-солаи сокини Шаҳринав охиринро ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Чанху” савор карда ба ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ бурдааст. Баъдан ӯро латту кӯб намуда, ба дарёи Кофарниҳон партофтааст.”

Дар натиҷа, ба қавли масъулони Вазорати корҳои дохилӣ, зани ҷабрдида аз сабаби баста шудани роҳи нафас дар об ҷон додааст. Ҳоло нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG