Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми Иттиҳод-2016 аз дастаи Русия бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар 24-умин давраи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербург аз тими мизбон – Русия – бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи “В” шаби 17 январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” бо ҳузури 2000 тамошобин баргузор шуд. Шумораи зиёди мухлисонро алоқамандони футболи тоҷик ташкил медоданд ва онҳо дастаи Тоҷикистонро хуб дастгирӣ карданд, вале бозӣ ба нафъи футболбозони ҷавони Русия анҷом пазируфт.

Ҳисобро Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 10-ум, боз кард. Аммо баъди 20 дақиқа Михаил Жабкин, бозигари мунтахаби Русия, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи мизбононро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 78-ум, боз ҳам ҳамлагар Жабкин ба ҳадаф расонд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар дақиқаи 39-ум сардовари ин бозӣ Павел Шодихонов (Русия) ба Ойбек Абдуғаффоров корти сурх нишон дод, бинобар ин дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон як бозигар кам шуд.

Русия – Тоҷикистон – 2:1 (1:1)

Голҳо: Эргашев, 10 (0:1). Жабкин, 30 (1:1). Жабкин, 78 (2:1).

Русия: Бородко, Каляшин (Кирисов, 46), Куфтин (к), Лисинков, Жабкин (Рудковский, 87), Букия (Милдзихов, 46; Саламатов, 79), Петров, Корян, Серасхов, Сутормин (Муллин, 55), Шейдаев (Болов, 87).

Сармураббӣ: Николай Писарев.

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Соҳибҷон Ҳакимов (капитан), Амирбек Ҷӯрабоев, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов (Фаридун Шарифов, 45), Ҷаҳонгир Эргашев, Ойбек Абдуғаффоров, Табрези Давлатмир, Фирӯз Қараев, Зиёвуддин Фузайлов (Эҳсони Панҷшанбе, 75).

Сармураббӣ: Роман Пилипчук.

Огоҳонида шуданд: Букия, 9. Петров, 87.

Аз майдон хориҷ шуд: Абдуғаффоров, 39.

Доварон: П. Шодихонов, Д. Березнов, И. Касянков (ҳама – Русия).

17 январ. Санкт-Петербург. МВФ «Петербургский». 2000 тамошобин.

Латвия – Эстония - 1:2

Голҳо: Каубер, 9 (0:1). Икаунэкс, 17 (1:1). Кокла, 89 (1:2).

Ҷадвали сабқати гурӯҳи “В”

1. Русия – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-1.
2. Эстония – 3 имтиёз, 2-1.
3. Латвия – 0 имтиёз, 1-2.
4. Тоҷикистон – 0 имтиёз, 1-2.

Гурӯҳи “А”

Беларус – Қиризистон - 0:1

Гол: Исроилов, 43 – аз пеналтӣ.

Қазоқистон – Молдова - 0:1

Гол: Спатару, 68.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври дувум рӯзи сешанбеи 19-уми январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ рӯзи панҷшанбеи 21-уми январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешавад.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойи ҳафтум талош хоҳанд кард.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

Беларус – Қирғизистон – 0:1
Қазоқистон – Молдова – 0:1
Латвия – Эстония – 1:2
Русия – Тоҷикистон – 2:1

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус

18:30 – Тоҷикистон – Эстония

21:00 – Русия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG