Пайвандҳои дастрасӣ

Амрикоиҳои озодшуда Эронро тарк намуданд


Ҷейсон Ризоиён, яке аз маҳбусҳои раҳошуда

Ҷейсон Ризоиён, яке аз маҳбусҳои раҳошуда

Чаҳор амрикоие, ки дар чаҳорчӯби созиши табодули маҳбусҳо аз зиндон дар Эрон раҳо шуданд, аллакай Теҳронро тарк намуданд. Дар ин бора як мансабдори амрикоӣ ва рсонаҳои эронӣ рӯзи 17 январ хабар доданд.

Чаҳор маҳбус, корманди рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" Ҷейсон Ризоиён, маллоҳи собиқ Амир Мирзо Ҳикматӣ, рӯҳонии масеҳӣ Саид Обидинӣ ва Нусратуллоҳ Хусравӣ-Рудсарӣ соҳиби шиносномаҳои Эрон ва Амрикоянд. Як мақоми амрикоӣ бидуни ифшои номаш ба хабаргузориҳо гуфт, ки ин гурӯҳи чаҳорнафара рӯзи якшанбе тавассути ҳавопаймои Швейсария пойтахти Эронро тарк карданд.

Рӯзномаи Washington Post тайид кард, ки Ҷейсон Ризоиён ва хонумаш Ягона Солеҳӣ бидуни мушкил аз Эрон берун шудаанд. Ризоиён беш аз як сол бо иттиҳоми ҷосусӣ дар зиндони Эрон буд. Ӯ иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи Эронро рад кардааст.Фред Райан, молики нашрияи Washington Post изҳор намуд, ки 545 рӯзи ваҳшат барои Ҷойсон ва хонаводаи ӯ оқибат поён ёфтанд.

Маҳбуси панҷум – донишҷӯи амрикоӣ Мэтю Тревизик алоҳида озод карда шуд.

XS
SM
MD
LG