Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ 400 сокини як русторо гаравгон гирифт


Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) баъд аз ишғоли қаламрави нав дар шарқи Сурия дасти кам 400 нафар ба шумули занону кӯдаконро рабудааст. Гурӯҳи назорат аз ҳуқуқи башар дар Сурия рӯзи 17 январ хабар дод, ки ситезаҷӯён ин афродро аз рустои Ал-Бағалия ба шимоли шаҳри Дайр-ал-Зур бурданд. Ал-Бағалия қаблан таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дошт.

Раҳбари гурӯҳи назорат аз ҳуқуқи башар Рамӣ Абдул Раҳмон ба хабаргузориии DPA гуфт, ки миёни рабудашудагон аъзои хонаводаҳои шибҳанизомиёни пуштибон аз ҳукумат ҳам ҳастанд. Мо аз он ҳарос дорем, ки ҳамаи 400 нафар бо баҳонаи пуштибонияшон аз ҳукумат кушта ваё фурӯхта мешаванд, афзудааст ӯ.

Аз ин пеш хабаргузории давлатии Сурия SANA хабар дод, ки дар ҳамлаҳои “Давлати исломӣ” ба Дайр-ал-Зур дасти кам 300 нафар, асосан мӯйсафедону занону кӯдакон, кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки бештари кушташудагон аъзои хонаводаи низомиёни суриягӣ ва шибҳанизомиёни пуштибон аз Димишқ буданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” айни ҳол бахши аъзами вилояти Дайр-ал-Зур ва маркази ҳамномашро таҳти назорат доранд.

XS
SM
MD
LG