Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати оилаи украинӣ дар ҳамла дар Уагадугу


Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба меҳмонсаро ва қаҳвахона дар шаҳри Уагадугу, пойтахти Буркина-Фасо чаҳор узви як хонавода аз Украина, аз ҷумла, як кӯдаки нӯҳсола, кушта шудаанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин рӯзи 17 январ дар Твиттер хабар дод.

Бар пояи иттилои ахир, бар асари ҳамлаи террористӣ дар меҳмонсарои Splendid ва қаҳвахонаи Cappuccino 29 нафар, аз ҷумла, шаҳрвандони Канада, Фаронса, Швейсария, ИМА ва дигар кишварҳо ҷон бохтанд. Меҳмонсарову қаҳвахона, ки аз ҷойҳои дӯстдоштаи кормандони Созмони Милал ва шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ дар Уагадугу маҳсуб мешаванд, шоми ҷумъа аз сӯи афроди мусаллаҳ ишғол карда шуданд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ баъди аз зуҳри рӯзи 16 январ поён ёфт.

Дар амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии кишвар бо ҳамдастии низомиёни фаронсавӣ чаҳор тан аз ҳамлагарон, аз ҷумла, ду зан, кушта шуданд. 126 нафар аз гаравгонҳо озод карда шуданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ал-Қоида дар кишварҳои Мағриби исломӣ” бар дӯш гирифт. Тақрибан ду моҳ пеш мусаллаҳони ин гурӯҳ кормандону меҳмонони меҳмонсарои Radisson Blu дар шаҳри Бамако, пойтахти Малиро гаравгон гирифта буданд. Дар он ҳодиса 20 нафар, аз ҷумла, 14 шаҳрванди хориҷӣ ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG