Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Ҳасани Рӯҳонӣ аз лағви таҳримҳо


Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз лағви таҳримҳои байнулмиллалӣ алайҳи Теҳрон истиқбол кард ва гуфт, ки созиши ҳастаӣ бо шаш абарқудрати ҷаҳон имконоти наверо барои рушди ҳамкории кишвараш бо ҳама олам боз намудааст.

Дар суханронӣ дар назди вакилони Маҷлиси Эрон рӯзи якшанбе, 17 январ гуфт, ки ин санад барои як нуқтаи чархиш барои иқтисоди кишвар аст. Аммо кишвари дорои захираҳои бузурги нафт набояд фақат рӯи даромад аз нафт тамаркӯз кунад, афзуд Ҳасани Рӯҳонӣ.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Эрон, Теҳрон бояд имконоти баъди лағви таҳримҳо бозшударо барои рушди кишвар, некӯаҳволии мардум ва таъмини суботу амният дар минтақа истифода намояд.

Юкио Амано, мудири кулли МАГАТЭ - Оҷонси байналмилалии нерӯи шоми 16-уми январ эълом кард, ки Эрон ҳама нуқтаҳои созишномаи ҳастаиро иҷро кардааст. Ба думболи ин Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ва Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон карданд, ки ҳамаи таҳримҳои молӣ ва иқтисодӣ ва ҳама ончӣ ба барномаи ҳастаии Эрон вобаста буд, лағв шуданд.

ИМА таҳримҳо алайҳи Эрон дар бахши бонкдорӣ, тиҷорати баҳрӣ, содироти пулод ва дар чанд соҳаи дигарро бекор намуд.

XS
SM
MD
LG