Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теҳрон чаҳор маҳбуси амрикоиро раҳо кард


Маҳбусони раҳошуда (аз чап ба рост) - Сиёҳмак Намозӣ, Ҷейсон Ризоиён, Амир Мирзо Ҳикматӣ ва Саид Обидинӣ

Маҳбусони раҳошуда (аз чап ба рост) - Сиёҳмак Намозӣ, Ҷейсон Ризоиён, Амир Мирзо Ҳикматӣ ва Саид Обидинӣ

Дар Эрон рӯзи 16 январ чаҳор маҳбус, аз ҷумла, корманди рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост" Ҷейсон Ризоиён аз зиндон раҳо карда шуданд. Ин хабарнигор, ки шаҳрвандии Эрон ва Амрикоро дорад, беш аз як сол бо иттиҳоми ҷосусӣ ва тарғиботи зиддидавлатӣ дар маҳбас буд.

Се нафари дигар озодшуда – маллоҳи собиқ Амир Мирзо Ҳикматӣ, рӯҳонии масеҳӣ Саид Обидинӣ ва соҳибкор Сиёҳмак Намозӣ ҳам соҳиби душаҳрвандиянд. Бар пояи хабарҳо, раҳоии онҳо аз зиндон дар чаҳорчӯби табодули маҳбусон сурат гирифтааст.

Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ рӯзи шанбе дар нишасти худ дар шаҳри Вена бояд аз сӯи Теҳрон коҳиш додани барномаи ҳастаиро тасдиқ кунад ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эронро эълон намояд. Аз ин пеш Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, ки 16 январ таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв мешаванд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вена ӯ изҳор намуд, ки ин рӯзи хуб барои ҷаҳон ва барои мардуми Эрон аст.

XS
SM
MD
LG