Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 12 гумонбари ҳамлаҳо дар Ҷакарта


Полиси Индонезӣ рӯзи 16 январ хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаҳо дар пойтахт - шаҳри Ҷакарта 12 гумонбарро боздошт кардааст. Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифта буд. Миёни боздоштшудаҳо шахсе ҳам ҳаст, ки ҳамлаҳоро аз ҳисоби «Давлати исломӣ» сармоягузорӣ мекард.

Полиси Инденезӣ дар ҳамлаҳо ба пойтахт бахши гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ - "Катибаҳ Нусантара"-ро айбдор мехонад. Ба иттилои полис ин гурӯҳ дар дигар шаҳрҳои Индонезӣ ҳам ҳамлаҳои террористӣ таҳия карда буд.

Рӯзи шанбе ҳамчунин ному насаби ҳамаи панҷ нафар аз ҳамлагарон ошкор карда шуд.

Дар шаҳри Ҷакарта рӯзи 14 январ ҳафт таркиши бомб рӯй дод ва тирандозӣ сурат гирифт. Ба иттилои полис, бар асари ҳамлаҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла, дар қаҳвахонаи Starbucks, ба ҷуз ҳамлагарон ,ду каси дигар ҳам ба ҳалокат расидаанд. Тақрибан 30 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG