Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Уагадугу, пойтахти Буркина-Фасо, баъд аз зӯҳри 16 январ амалиёти вижа алайҳи афроди мусаллаҳе, ки меҳмонхона ва қаҳвахонаро ишғол карда буданд, поён ёфт. Дар натиҷаи амалиёт 126 нафар аз гаравгонҳо озод карда шуданд. Се нафар аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои расмӣ, амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Буркина-Фасо бо кӯмаки низомиёни фаронсавӣ ва хадамоти вижаи Амрико дар меҳмонсарои Splendid ва қаҳвахонаи Cappuccino гузашт, ки шоми ҷумъа аз сӯи афроди мусаллаҳ ишғол шуда буданд. Меҳмонсарову қаҳвахона аз ҷойҳои дӯстдоштаи кормандони Созмони Милал ва шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин ҳамла дасти кам 20 нафар ва кушта ва 33 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ҳаилаҳо ба Буркина-Фасоро маҳкум кард ва онҳоро “нафратовару буздилона” номид. Дар изҳороти Кохи Елисей гуфта мешавад, ки Ҳолланд пуштибонии худ аз раисиҷумҳури Буркина-Фасо Року Марк Кристиан Кабореро изҳор намудааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ал-Қоида дар кишварҳои Мағриби исломӣ” бар дӯш гирифт. Тақрибан ду моҳ пеш мусалалҳони ин гурӯҳ кормандону меҳмонони меҳмонсарои Radisson Blu дар шаҳри Бамако, пойтахти Малиро гаравгон гирифта буданд. Дар он ҳодиса ҳам 20 нафар, аз ҷумла, 14 шаҳрванди хориҷӣ ҷон бохта буданд.

XS
SM
MD
LG