Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишкек тарҳи созиши марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистонро таҳия кардааст. Дар ин бора муовини аввали нахуствизири Қирғизистон Аалӣ Карашев дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод.

Дар ҷаласаи ҳукумати Қирзизистон гуфта шуд, ки қаблан ҷонибҳо дар мавриди минтақаҳои баҳсталаби марз забон намеёфтанд ва ин баъзан боиси низоъ дар мавзеъҳои наздимарзӣ мешуд.

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Аалӣ Карашев дар нишасти ҳукумати Қирғизистон рӯзи 15 январ изҳор намуд, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳайатҳои ду кишвар тарҳи созишро баррасӣ карда, дар мавриди имзои санад оид ба қитъаҳои сарнавишташон ҳамоҳангшуда мувофиқат карданд. Он вақт баҳсҳо тафсону тулонӣ буданд ва дар сатҳи ҳукуматҳо хатти марзи тулаш 520 километр аломатгузорӣ шуд, гуфт мансабдори қирғиз. Ӯ афзуд, ки дар робита ба созиши аслӣ ҳам баҳсҳо сурат гирифтанд ва ҷонибҳо баъди музокирот розӣ шуданд, ки 55 километр хатти марз аз сӯи гурӯҳи кории топографӣ ё харитасозӣ муқаррар карда шавад.

Аалӣ Карашев

Аалӣ Карашев

Ба гуфтаи Аалӣ Карашев, айни ҳол 396 километр ё 41 дар сади хатти марз аломатгузоринашуда боқӣ мемонад.

Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев дар нишаст дар Бишкек изҳор намуд, ки тасмими ниҳоӣ дар робита ба созиш аз сӯи парлумон гирифта хоҳад шуд. Тасмими ҳукуматро мо ба кумитаи дахлдори парлумон мефиристем, сипас, баъд аз ризояти ин кумита, санад ба раисиҷумҳур ироа мешавад, гуфт ӯ. Темир Сариев афзуд, ки пас аз ин маросими расмии имзои созиш сурат мегирад ва он барои тасвиб ба парлумон фиристода мешавад. Баъди аз сӯи Жогорку Кенеш қабул шудани қонун, созиш ба ҳукми қонун медарояд.

Нахуствазир гуфт, ин гоми бузургест, ки мо ҳамроҳ бо ҷониби Тоҷикистон бардоштем. Бояд қазияи қитъаҳои алоҳидаи марз ҳал шавад, то ки ба ин мавзӯъ дигарбора барнагардем. Фақат баъд аз он мо ба баррасии қазияи қитъаҳои баҳсашон шадид шурӯъ хоҳем кард, изҳор намуд Темир Сариев.

Аммо дар ҷаласаи ҳукумат тасмим гирифта шуд, ки тасдиқи тарҳи созиш мавқуф гузошта шавад. Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон пешниҳод намуд, ки комиссиюни махсус оид ба масоили марзӣ бори дигар харитаҳоро омӯзад ва маълумотро дақиқ кунад. Қурбонбой Искандаров, раиси шӯъбаи аломатгузории марзии дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки қарор аст ду пешниҳод ироа шавад – яке хаттӣ, ки барои ҳама ошкор хоҳад буд ва дуввумӣ - бо маводи харитасозӣ ва сиррӣ. Гурӯҳи дуҷонибаи корӣ аз рӯи харитаҳо ҷузъиёти зиёдеро мушаххас кардааст ва 520 километре, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, асосан аз болои кӯҳҳо мегузарад ва онҷо фақат як хатт хоҳад буд, изҳор намуд ӯ.

Низоъҳо дар марз соли гузашта коҳиш ёфтанд

Низоъҳо дар марз соли гузашта коҳиш ёфтанд

Аз ин пеш Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки бархӯрд ба муқаррарсозии марзи давлатиро тағйир диҳанд ва на рӯи харитаҳои қадима, балки рӯи Эъломияи Алмаато тамаркӯз кунанд. Бар пояи ин Эъломия, ки соли 1991 қабул шуда буд, ҳангоми муқаррарсозии хатти марз байни кишварҳои шӯравии собиқ ҳар ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби марзҳои ҳангоми дарёфти истиқлол будааш боқӣ мемонад. Пешбинӣ мешуд, ки мавзӯи қаламрави баҳсталаб алоҳида баррасӣ мешавад ва ин мавзеъҳо ё табодул карда мешаванд ё дар мавриди онҳо тасмими дигар гирифта мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин ҳисоб 520 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин сӯф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон ба кундӣ пеш мераванд.

Қаблан, Абдураҳмон Маматалиев, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон ва ҳамраиси пешини Комиссияи байнидавлатии мушаххас кардани хутути марз аз ҷониби Қирғизистон хабар дода буд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев ба созиш расиданд, ки ҳангоми муайянсозии хатти марз ва аломатгузории он аз харитаҳои кӯҳна истифода накунанд. Ба ин далел Бишкек ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар қадами аввал 12-гектарӣ заминҳои баҳсиро дар миёни деҳаҳои Кӯктош ва Сомониён табодул кунанд, гуфта буд ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG