Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазираҳои Комор робитаро бо Теҳрон қатъ кард


Ҷазираҳои Комор, як кишвари воқеъ дар уқёнусти Ҳинд ва аз ҳампаймонҳои Арабистони Саъудӣ, дар бораи қатъи робитаҳои дипломатӣ бо Эрон хабар дод. Хабаргузориҳо рӯзи 16 январ навиштанд, ки вазорати умури хориҷии ин кишвар рӯзи ҷумъа бо пахши як изҳорот Теҳронро дар “таҷовуз ба Ар-Риёз”, “дахолат ба умури дохилии кишварҳо” ва “беэҳтиромӣ ба созишҳои дипломатӣ” айбдор намуд.

Ҷазираҳои Комор, узви Лигаи кишварҳои араб, аз сафири Эрон хост, ки кишварро тарк намояд. Сафири Ҷазираҳои Комор дар Теҳрон як ҳафта пеш бозхонда шуда буд. Дар се ҷазираи ин кишвар - Анҷуан, Комори Бузург ва Мвалӣ тақрибан 800 ҳазор нафар ба сар мебаранд, ки аксари онҳо мусалмонҳои суннимазҳабанд.

Таниш миёни Эрон ва кишварҳои суннимазҳаби Халиҷи Форс баъд аз он афзоиш ёфт, ки ба думболи эъдоми рӯҳонии шиа шайх ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз рӯзи 2 январ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд. Арабистони Саъудӣ дар посух робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 декабр сафирашро аз Теҳрон бозхонд. 7 январ Сомалӣ ҳам эълон дошт, ки робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG