Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт дар меҳмонсарои Уагадугу идома дорад


Бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба як меҳмонсаро дар шаҳри Уагадугу, пойтахти Буркина Фасо, дасти кам 20 нафар ва кушта ва чандин каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора расонаҳои ғарбӣ рӯзи 16 январ бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Нерӯҳои ҳукуматии Буркина-Фасо бо кӯмаки низомиёни фаронсавӣ ва хадамоти вижаи Амрико дар меҳмонсаро амалиёти вижа доир карда беш аз 60 тан аз гаравгонҳоро раҳо карданд. Миёни онҳо вазири кори кишвар Клеман Савадого ҳам буд.

Беш аз 30 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтааанд.

Ба иттилои расонаҳо, ҳамлагарон ҳанӯз ҳам дар меҳмонсароянд ва амалиёт алайҳи онҳо идома дорад. Аммо маълум нест, ки дар бино гаравгонҳои дигар боқӣ мондаанд ё на.

Афроди мусаллаҳ шоми ҷумъа ба меҳмонсарои Splendid ҳамла карданд, ки аз ҷойҳои дӯстдоштаи кормандони Созмони Милал ва шаҳрвандони кишварҳои аврупоист. Ҳамлагарон ба тарабхонаи воқеъ дар наздикиҳои меҳмонсаро ҳам ҳуҷум карданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ал-Қоида дар кишварҳои Мағриби исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG