Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Куба нируҳои амниятӣ мустақар шуданд


Ба сабаби афзоиши норизоятиҳо ва бад шудани вазъи иқтисодӣ дар минтақаҳои шимолӣ-шарқии Озарбойҷон нируҳои зиёди амниятӣ мустақар шудаанд.

Бино ба гузориши хабарнигори бахши Озарии Радиои Озодӣ аз шаҳри Қуба, дар майдони марказии ин шаҳр нируҳои зиёди пулис ба чашм мерасанд.

Нируҳои амниятӣ ҳамчунин дар роҳҳои вурудӣ ба ин шаҳр ва роҳҳои аслии ҳудуди вилояти Қуба посгоҳҳои амниятӣ гузоштаанд, то эътирозҳо ба ҷойҳои дигар густариш наёбад.

Чунин вазъ баъд аз эътирозҳое ба вуҷуд омад, ки даҳҳо нафар эътирозгарон ва чанд нафар аз фаъолони мухолифон ҳамин ҳафта боздошт шуданд. Онҳо баъд аз боло рафтани нархҳо, ба вижа нархи орду нон ба эътироз баромада буданд.

XS
SM
MD
LG