Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мошинбозор"-и Чимтеппаро бастанд


Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти “Мошинбозор” дар ҷамоати Чимтеппаи ин ноҳияро боздоштаанд. Ин мошинбозор, ки қаблан дар маҳаллаи “Гипрозем”-и шаҳри Душанбе буд, тобистони соли гузашта ба далели ҷавобгӯ набудан ба талабот ба Чимтеппа кӯчонда шуд.

Аъзам Бобомуродов, муовини раиси “Мошинбозор”, 14 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар бораи манъи фаъолияти бозор қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ содир шудааст ва онҳо аз 13 январ боз кор намекунанд. “Дар қарор гуфта шудааст, ки гӯё сокинони деҳаҳои гирду атроф шикоят карда бошанд. Болои ин, гӯё бозор ҳам ба талабот ҷавобгӯ набудааст,” – гуфт ӯ.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, вале дар асл онҳо аз ҳеч сокини деҳаҳои гирду атроф шикоят дарёфт накарда ва ягон ниҳод низ барои тафтиши корашон наомадааст.

Ҳоло маълум нест, фаъолияти ин бозор аз сар гирифта хоҳад шуд ва ё мақомот тоҷирони мошинро ба ҷойи дигар интиқол хоҳанд дод? Вале баъзе аз тоҷирони Мошинбозори Чимтеппа мегӯянд, ки онҳоро алакай ба як бозори дигар, дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, тахминан 30-километрии ҷануби Душанбе бурдаанд.

Вале онҳо мегӯянд, онҷо шароит муҳайё набуда ва маҷбур шудаанд, ки ба ҷои пешинаашон баргарданд.

Мошинбозори собиқи “Гипрозем” ва баъдан Чимтеппа, ки ҳоло аз кор мондааст, калонтарин мошинбозори Тоҷикистон аст. Қаблан раҳбарони ин бозор гуфта буданд, ки ҳар ҳафта ҳудуди 1000 мошин барои харидуфурӯш ба ин бозор ворид мешавад. Ин бозор аз ҷумъа то якшанбеи ҳар ҳафта фаъол аст.

XS
SM
MD
LG