Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маркази хизматрасонӣ (МХ) дар Остона “равзана” барои сармоягузонро муаррифӣ карданд.

Ҳадафи ташкили ин равзана содда кардани таҳияи ҳуҷҷатҳо мебошад. Вазири сармоягузорӣ ва рушди кишвар Асет Исекешев зимни муаррифии бахши МХ барои сармоягузорон гуфт, ки ифтитоҳи ин хизматрасонӣ имкон медиҳад, то сармоягузорон ҳамаи хадамотро дар “як равзана” пайдо кунанд.

“Ҳамакнун ҳар як сармоягузор метавонад ба МХ омада, 350 навъи хизматрасониро дар як ниҳод бидуни муомила бо муассисаҳои давлатӣ пайдо кунад. Пештар барои гирифтани иҷозатномаи истифодаи нерӯи корӣ, ҳамаи иҷозатномаҳо, масъалаҳои замин, сохтмон ва ғайра сармоягузорон водор мешуданд даҳҳо вазоратхонаҳо ва мақомотро гузаранд”, - иқтибос овардааст хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон” аз суханони вазир. Исекешев афзуд, ки ҳамарӯза ба ин вазорат аз панҷ то 10 сармоягузор муроҷиат мекунад.

Барои таҳияи ҳуҷҷатҳо вобаста аз душвории онҳо аз як рӯз то се моҳ вақт сарф мешавад.

XS
SM
MD
LG