Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия гуфт, артишаш ба мавзеъҳои гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст. Ин ҳамлаҳо баъди таркиши Истамбул, ки як маргтабал худро инфиҷор карда, 10 сайёҳи олмониро кушт, сурат мегиранд.

Сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Туркия дар 48 соати охир 500 мавзеи ДИ бо танку тӯп тирборон кардааст. Сарвазири Туркия афзудааст, дар пайи ин тирборон бештар аз 200 ҷангҷӯи ДИ кушта шудааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, кишвараш барои рондани ҷангҷӯёни ДИ аз минтақаҳои наздики марзи Туркия аз ҳамлаҳои ҳавоӣ истифода мекунад.

Ҳавопаймоҳои низомии Туркия аз замони сарнагун кардани ҳавопаймои русӣ, дар ҳарими ҳавоии Сурия парвоз накардаанд.

XS
SM
MD
LG