Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Русия барои "дуздии роҳ" муттаҳам шуд


Як мақоми расмии Русия ба эҳтимоли дуздии 50 километр роҳи ҷамъиятӣ боздошт шудааст. Кумитаи тафтишот дар изҳороти худ гуфтааст, Александр Протопопов ҳангоми кор дар мақоми раиси зиндон дар минтақаи Комӣ тахтабетонҳои роҳро бардошта онҳоро фурӯхтааст.

Ин роҳ дар масофаи 50 километр 7 ҳазор плита доштааст ва дар давоми соли 2014-2015 онҳо бардошта ба ҷое бурда шудаанд. Сипас ин тахтабетонҳо фурӯхта шудаанд ва бозрасон иддао мекунанд, ки нархи онҳо тақрибан 6 миллион рубл ё 79 ҳазор долларро ташкил додааст.

Протопопов ҳоло иҷрокунандаи муовини раиси хадамоти зиндон аст ва мумкин аст барои суистифода аз дороии давлатӣ муттаҳам дониста шавад. Агар вай гунаҳгор дониста шавад, дар он сурат ба вай 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG