Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС) тобистони соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Дмитрий Мезентсев, дабири, инак, собиқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар суҳбаташ бо Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ин нишаст рӯзи 23-24 июн дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда ва ин созмон 15-солагияшро таҷлил хоҳад кард. Нишасти сарони кишвраҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бори охир тобистони соли гузашта дар шаҳри Уфа баргузор шуда ва дар он раиси ҷумҳури Тоҷикстон ҳам иштирок дошт.

Ҳоло Рашид Олимов – сафири собиқи Тоҷикистон дар Чин дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таъин шуда, ҳамин моҳ ба кори наваш оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG