Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории давлатии Туркия мегӯяд, ки пулис 14 донишмандро барои як номаи дастаҷамъӣ боздошт кардааст. Онҳо дар ин нома аз амалиёти низомӣ бар зидди шӯришиёни курд дар қисмати ҷанубӣ- шарқии Туркия интиқод кардаанд.

Хабаргузории Анадолу гузориш додааст, ки 15 январ дар наздикии Истамбул 12 нафар устодони донишгоҳи Кучаелӣ боздошт шудаанд.

Ин устодон аз ҷумлаи 1200 нафар донишмандон аз Туркия ва аз хориҷи кишвар ҳастанд, ки дар эъломияе бо номи “Мо намехоҳем бахше аз ин ҷиноят бошем” имзо гузоштаанд.

Дар ин изҳорот онҳо дархост кардаанд, ки куштор ва ихроҷи курдҳо ва мардумони дигар аз минтақаро боздоранд. Додситонӣ расидагӣ ба имзокунандагони ин изҳоротро оғоз кардааст ва мегӯяд, ки он тавҳин ба давлат ва як навъ таблиғи терроризм мебошад.

Баъд аз ноком шудани оташбаси миёни низомиёни Туркия ва Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей дар моҳи июл дар минтақаҳои ҷанубии Туркия байни ҷудоихоҳони ин ҳизб ва низомиёни ин кишвар задухурдҳо сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG