Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензини навъи 80 ба ҷойи 92 дар Тоҷикистон?


Масъулони идораи давлатии “Тоҷикстандарт” мегӯянд, ки дар соли гузашта беш аз 3 ҳазор тонна бензин ва навъҳои дигари сӯзишвориро ошкор кардаанд, ки аслан ба талабот ҷавобгӯ набудааст. Ин рақам дар соли 2014 ба 185 тонна баробар будааст.

Мирзошариф Самиев, сармутахассиси озмоишгоҳи нафтии идораи “Тоҷикстандарт” мегӯяд, бензинҳои бесифат ба Тоҷикистон аз Қирғизистон ва Русия ба таври қочоқӣ ворид шудаанд. “Мисол дар овеза навиштаанд, ки тамғаи 92 аст, аммо мавод ба тамғаи 80 ҷавобгӯ аст. Ин фиреби истеъмолкунанда аст. Мо ошкор мекунем ва нозирон то анҷоми фурӯши он назорат мекунанд, ки он мавод бо тамғаи худаш ба фурӯш гузошта шаванд,” – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Мирзошариф Самиев, дар Қирғизистон як корхонаи нав аз ҳисоби мазут бензин ва сӯзишвории дизелӣ истеҳсол мекунад, ки дар ин маҳсулот миқдори сулфур аз меъёр зиёд аст ва ин ин сӯзишворӣ ҳам ба таври қочоқӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

XS
SM
MD
LG