Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина ба Қрими Русия барқ намедиҳад


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина омода аст, интиқоли нируи барқ ба Қримро барқарор кунад. Ин дар ҳолест, ки дар давоми бештар аз як моҳи охир ин минтақаи ба Русия пайваста ба камбуди ҷиддии барқ рӯ ба рӯ буд.

Порошенко гуфт, “мо омода ҳастем, Қримеро, ки аз Украина аст, бо барқ таъмин кунем”.“Шумо метавонед барқ дошта бошед, агар шумо бихоҳед. Вагарна мо метавонем мунтазир шавем, то он замоне ки тамомияти арзии Украина барқарор шавад”. Вай ин нуктаро дар конфронси хабарӣ изҳор дошт.

Русия розӣ нашуд, ки шароити пешниҳодкардаи Украинаро дар бораи тамдиди қарордод дар бораи таъмини барқ қабул кунад. Ин қарордод 1 январ ба поён расид.

Сокинони ин нимҷазира аз 22 ноябр ба ин сӯ, аз замоне ки пояи хати интиқоли барқро тарконданд, ба камбуди барқ дучор мешавад. Моҳи декабр бахше аз ин хати интиқол барқарор шуд, вале бори дуввум 30 декабр ба таъсисоти барқ ҳамла сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG