Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи якҷояи Бонки миллӣ бо VISA


Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Виза Интерншнл низоми байнибонкии додугирифти NNSS-ро ба роҳ андохт. Бар асоси ин низом, тамоми додугирифтҳо дар қаламрави Тоҷикистон танҳо бо пули миллии сомонӣ сурат мегирад. Қаблан ҳангоми додугирифт бо кортҳои бонкӣ пули шаҳрвандон як бор бо асъори хориҷӣ ҳисоб ва дубора ба сомонӣ баргардон мешуд, ки дар натиҷаи фарқияти қурб нофаҳмиҳои зиёдеро эҷод мекард.

Галин Кабилдиев, менеҷери минтақаии Виза дар Осиёи Миёна гуфт, ки роҳандозии ин система дар Тоҷикистон додугирифтҳои электрониро аз як сӯ осон мекунад ва “аз сӯи дигар мизони ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро бештар месозад”.

XS
SM
MD
LG