Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи дин: Чаро рафтани то 40-солаҳо ба Ҳаҷ манъ шуд?


Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки манъи сафари шаҳрвандони то 40-солаи кишвар барои ҳаҷҷи фарзӣ, ба маънои "имконият додан ба пиронест, ки орзуи зиёрати хонаи Худоро доранд".

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон 15 январ бо нашри баёнияи расмӣ манъи сафари то 40-солаҳо ба ҳаҷро на маҳдудият, "балки фурсат додан ба пиронсолон" номидааст. Дар ин баёния гуфта шудааст, ки соли гузашта сафари то 35-солаҳо ба ҳаҷ манъ шуда буд ва "ин таҷруба ҳосили хуб ба бор овард".

Ин кумита мегӯяд, аммо имсол низ ҳиссаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ бетағйир боқӣ монда, дар мавсими Ҳаҷ-2016 аз кишвар ба зиёрати хонаи Худо беш аз 6 ҳазор нафар сафарбар хоҳанд шуд. "Зимнан, Тоҷикистон ягона кишвар дар минтақа мебошад, ки ҳамаи ҳиссаи ҷудонамудаи Арабистони Саудӣ барои сафарбарнамоии шаҳрвандон ба ҳаҷро пурра истифода мекунад," - таъкид шудааст дар баёния.

Рӯзи ҷумъа Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон эълон кард, ки шаҳрвандони то 40-солаи кишвар аз ҳаққи сафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ маҳрум шудаанд. Абдуҷалол Ализода -- раиси шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ин замина алакай қарори ҳукумат ба имзо расидааст ва бояд аз сӯи сокинон ва мақомот иҷро шавад. Вале аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Бино ба қароре, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, зоирон ҳадди ақалл се моҳ пеш аз оғози маросими ҳаҷ бояд ба мақомоти маҳалли зисташон муроҷиат карда, дар навбат истанд. Як манбаъ аз Кумитаи дин гуфт, ки барои ҳар шаҳру ноҳияи кишвар теъдоди ҷойҳо тақсим шуда, ин ниҳод назорати навбат ва сафари зоиронро бар уҳда дорад. “Як нафар танҳо баъд аз панҷ соли адои ҳаҷҷи фарзӣ ҳаққи дубораи сафар ба зиёрати хонаи Худоро хоҳад дошт ва он ҳам дар сурате ки навбати зиёди сокинон набошад,” – афзуд ӯ.

Манъи сафари то 40-солаҳо барои адои ҳаҷҷи фарзӣ дар ҳоле расмӣ шудааст, ки моҳи апрели соли гузашта Кумитаи дин шаҳрвандони то 35-соларо аз ҳаққи сафар ба ҳаҷ маҳрум кард. Он вақт мақомоти ин ниҳод бо нашри баёнияи расмӣ гуфта буданд, ки "ин тасмим танҳо ба хотири эҳтироми бузургсолон гирифта шудааст, ки синнашон алакай ба ҷое расидааст ва тавону орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд."

Дар ҳоле ки ба қавли мақомот, "тайи чанд сол аст, ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро ихтисор намудааст."

Ҳоло бархе аз сокинони ҷавон аз ин қарори ҳукумат ба тааҷҷуб афтодаанд ва ин суолро пеш мегузоранд, ки кӣ замонат медиҳад, синни онҳо то 40 мерасад ё не? Як сокини 32-солаи шаҳри Душанбе соли гузашта нияти адои ҳаҷро дошт, аммо ба далели маҳдудияте, ки аз сӯи Кумитаи дин ҷорӣ шуд, аз ин сафар маҳрум гардид. Баъд аз ин, ӯ ният карда буд, ки соли 2018 барои адои ҳаҷ ба Маккаву Мадина меравад, вале ҳоло бо шунидани қарори нави ҳукумат дар ҳайрат мондааст.

“Намедонам, то он вақт зинда ҳастам ё не. Кӣ кафолаташро медиҳад, ки то он вақт мо ҳастем ва зиёрати ҳаҷ мекунем? Чаро бояд як рукни фарзи Ислом бо чунин маҳдудият рӯ ба рӯ шавад. Касе имкон дорад, бояд монанд, ки ба ҳаҷ раванд,” -- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сокинон ба ҷойи маҳдуд кардани сафари то 40-солаҳо ба ҳаҷ пешниҳод доранд, ки мақомоти Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ бихоҳанд, то "квота"-и зоирон барои кишвари моро афзоиш диҳад. Ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини кишвар ба ҳаҷ мераванд ва, ба қавли бархе аз соҳибназарон, Тоҷикистон барои дархости ҳадди ақалл ҳазор ҷои дигар ҳақ дорад.

Соли 2010 мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ҳаҷҷи фарзӣ ва ва умра танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80-сола иҷоза дода мешавад. Ҳарчанд мақомот ин тасмими худро рӯшан тавзеҳ надоданд, вале иддае бар ин боваранд, ки давлат мехоҳад, ба ин восита пеши роҳи ҷавонҳоеро бигирад, ки ба нияти ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуда, дигар барнамегарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG