Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомҳои нави Руқия Қурбонова ва Миралиев


Руқия Қурбонова

Руқия Қурбонова

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки раҳбариашро президент Эмомалӣ Раҳмон дар даст дорад, Шӯрои собиқадоронашро таъсис додааст. Бино ба иттилои хабаргузориии расмии "Ховар", “бо маслиҳат ва пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Руқия Қурбонова раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб, Амиршо Миралиев, Давлаталӣ Давлатзода, Сафар Сафаров муовинони раиси Шӯро ва Латофат Шарифова котиби Шӯрои собиқадорон интихоб шуданд.”

ҲХДТ соли 1993 таъсис ёфта, ба гуфтаи масъулонаш, дар ҳоли ҳозир 281 ҳазор узв дорад. Ин ҳизб 55 курсӣ аз 63 курсии Маҷлиси намояндагонро дар даст дошта, тақрибан ҳамаи аъзои ҳукумат ва мансабдорони аршад низ аз ҳамин ҳизб намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG