Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозия, Меҳрнигор ва... Валиҷон ба Олмон мераванд


Нозияи Кароматулло
Нозияи Кароматулло

То кунун номи 5 номзад барои дарёфти ҷоизаи BAMA аз Тоҷикистон маълум шудааст, ки ду нафари онҳо дар бахши овозхони беҳтарини зан ва сеи дигар дар бахши овозхони беҳтарини мард ҷой гирифтаанд.

Ширкати "Daf Entertaintment" - масъули тақдими ҷоизаи BAMA то ин дам номи панҷ овозхони маъруфи тоҷик барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2016-умро эълон кардааст. Ин ширкат мегӯяд, ки имсол Нозияи Кароматулло ва Меҳрнигори Рустам - дар бахши овозхони беҳтарин зан ва Валиҷон Азизов, Ҷонибеки Мурод ва Баҳром Ғафурӣ - дар бахши овозхони беҳтарини мард аз Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Ҷонибеки Мурод, овозхони тоҷик, 14 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки маросими тақдими ҷоизаи BAMA рӯзи 27 августи соли ҷорӣ дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад ва ӯ алакай барои иштирок дар ин маросим даъватнома гирифтааст. Ӯ аз ин пеш се сол пайиҳам дар "Big Apple Music Awards" овозхони беҳтарини мард аз Тоҷикистон ва овозхони беҳтарин аз Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.

"Ҳоло даъватнома гирифтем ва омодагӣ мебинем. Чанд таронаи хуб барои тақдим дар ин барнома дорам, аммо талош мекунам, то он вақт як таронаи ҷадид эҷод кунам," -- афзуд ӯ.

Баҳром Ғафурӣ, овозхони дигари тоҷик низ қаблан дар маросими тақдими ҷоизаи "Big Apple Music Awards" иштирок карда, аммо Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Валиҷон Азизов барои аввалин бор ба он ҷо мераванд. Ҳарчанд Меҳрнигору Валиҷон дар соли гузашта бо тарона ва клипҳои нави худ вирди забонҳо шуданд, аммо Нозия баъди ба шавҳар баромаданаш тақрибан кампайдо буд ва ҳатто дар консерти бародараш Муҳаммадрофеи Кароматулло ибаромад накард. Баъадан ӯ изҳор дошт, ки оиладор шуд, соҳиби як писар гардидааст.

Дар солҳои 2014 ва 2015 аз Тоҷикистон Шабнами Сурайё, Баҳром Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед сазовори ин ҷоиза шуданд. Дар маросими соли гузашта аз байни овозхонхои баранда истиқболи аз ҳама гармро Шабнами Сурайё сазовор шуд. То зоҳир шуданаш дар саҳна аҳли толор қариб 5 дақиқа номи вайро гирифта, "Шабнам, Шабнам!" нидо карданд. Шабнам дар ин консерт ду таронаи "Ошиқи-дилзиқи" ва "Сояҳо"-ро хонд.

Ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards" аз соли 2004 ба ин сӯ ба беҳтарин овозхонҳои асосан форсизабон дода мешавад, вале дар солҳои охир ба ин барнома овозхонҳо аз Қафқозу кишварҳои араб ва ҳатто аз Руминиву Булғористон роҳ ёфтаанд. Қаблан, Нодӣ Рӯъё - мудири кулли ширкати “Daf Entertaintment” – масъули баргузории “Big Apple Music Awards” дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки "ин тарҳ тиҷоратӣ нест, балки фарҳангист ва таблиғи арзишҳои ҳунариву фарҳангии мардумони Шарқро дунбол мекунад."​

Соли гузашта барои аввалин бор маросими тақдими ҷоизаҳои "Big Apple Music Awards" дар Аврупо, дар толори муҳташами "Barclaycard"-и шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуд. 10 маросими пешинаи тақдими ин ҷоиза дар Ню-Йорки Амрико доир шудааст.

Имсол Фарҳоди Дарё, Ненси, Мустафо Сандал, Борону Мансур ва Ғазал низ номзад барои дарёфти ҷоизаи "Big Apple Music Awards" шудаанд.

XS
SM
MD
LG