Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти адиби мухолиф Пӯлод Абӯев


Пӯлод Абӯев (Акс аз хабаргузории Тоҷнюз)

Пӯлод Абӯев (Акс аз хабаргузории Тоҷнюз)

Пӯлод Абӯев, мутахаллис ба Пӯлоди Комун, адиби тоҷик ва узви Шӯрои сиёсии ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 14 январ аз олам чашм пӯшид. Пӯлод Абӯев соли 1945 дар рустои Куруди ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз Пӯлод Абӯев чанд китоб, аз ҷумла “Одамнома”, “Дунёи бедунё”, “Маъвои дил”, “Аз Зарафшон то Бадахшон”, “Обу оташ”, “Одаму олам” ва “Ашки санг”, ёдгор мондааст.

Ӯ бо лаҳни интиқодии навиштаҳояш маъруф буд ва, бино ба гузориши "Азия Плюс", мақомоти Тоҷикистон нашри китоби ӯ бо номи “Ташнагии дарё”-ро, ки дар бораи масоили муҳоҷират буд, ба ин далел, ки “миллати тоҷикро таҳқир мекунад”, иҷозат надоданд. Ҳамин тавр, дар соли 2013 дастнависи як китоби дигари ӯ дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти амниятӣ мусодира шуд. Худи адиб мусодираи дастнависашро ҳамчун поймол шудани ҳаққи муаллифии ӯ ва нақзи озодии баён маҳкум карда буд.

Пӯлод Абӯев соли гузашта манзумаеро дар бораи адвокати зиндонӣ Шӯҳрат Қудратов низ нашр карда буд, ки аз ҷумла ин сатрҳоро дошт:

Гиребон мегирам, з-ин кору кирдор,

Кӣ гардид бегуноҳ бар сад гуноҳ бор.

Ҷаҳонро ин қабил ҳайрон намуданд,

Ҳақиқатро, бубин, зиндон намуданд.

XS
SM
MD
LG