Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 нафар бо 100 кило ҳероин дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар минтақаи Перми Русия дар ин ҳафта беш аз 100 кило ҳероини афғонӣ мусодира шудааст. ФСКН – Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия – рӯзи 14 январ хабар дод, ки тайи як амалиёти вижа беш аз 30 нафар – шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон дастгир шуданд. Ин амалиёти вижа бо номи “Пастух” (“Чӯпон”) рӯзҳои 12-13 январ доир шудааст. Ҳамин тавр, ФСКН ду рӯз пеш аз анҷоми мурофиаи як гурӯҳи бузурги қочоқбари маводи мухаддир, иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистону Русия, ки дар ҳалқаҳои ҷиноӣ бо номи “Шерхон” маъруф буд, хабар дод. Ба гуфтаи мақомоти Русия, аз ин гурӯҳ ҳангоми боздошт 118 кило ҳероин мусодира шуда буд. ФСКН гуфт, раҳбари гурӯҳи “Шерхон” шаҳрванди Тоҷикистон Б.Шарифов, ки аз зиндон ба он раҳбарӣ мекард, бар иловаи ҳукми кунуниаш ба 25 соли дигар зиндон маҳкум шуд. Муовини ӯ Д.Хоҷаев 20 сол ва аъзои дигари гурӯҳ аз 11 то 16 сол ҳукм гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG