Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон 10 нафар маллоҳони нируҳои дарёии Амрикоро раҳо кард. Онҳо барои вуруд ба обҳои Эрон боздошт шуда буданд. Нируҳои дарёии Амрико 13 январ гуфтанд, ки ин 10 нафар ҳоло таҳти муроқибати Амрико қарор доранд ва ҳеҷ нишонае аз осеб дар бадани онҳо мушоҳида намешавад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мегӯяд, Амрико барои вуруди ду қоиқи нируҳои дарёиаш азЭрон узр хостааст.

Дарёсолор Алӣ Фадавӣ-фармондеҳи нируҳои дарёии Сипоҳи Эрон 13 январ тавассути телевизиони давлатии кишвараш гуфт, “рафтори ғайрикасбӣ” сабаби ин боздошт дар обҳои наздики ҷазираи Форсӣ шудааст.

Вай гуфт, “бозрасиҳо нишон медиҳад, ки маллоҳони Амрико ба сабаби мушкили дастгоҳи раҳнамо ё навигатор вориди обҳои Эрон шудаанд”.

Мақомоти расмии Амрико ба хабаргузории Ассошиетед Пресс гуфтаанд, ки яке аз қоиқҳо нуқси техникӣ пайдо кардааст ва онҳо дар атроф шино мекардаанд ва дар ҳамин вақт онҳоро боздошт карданд.

Як мақоми дигари Амрико гуфт, мо бо мақомоти Эрон дар тамос шудем ва онҳо ба мо хабар доданд, ки амнияти шаҳрвандони мо таъмин аст ва бо онҳо муносибати хуб доранд”.

Дар изҳороте, ки хабаргузории ИСНО-и Эрон пахш кардааст, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст, ки аз 10 нафар боздоштшуда 9 нафар мард ва як нафар зан мебошанд. Дар ин изҳорот омадааст, маллоҳон “кӯмакҳои исломӣ” гирифтаанд ва дар ҷои “муносиб” нигаҳдорӣ мешванд.

XS
SM
MD
LG