Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порламони Қазоқистон пароканда мешавад


Порламони Қазоқистон

Порламони Қазоқистон

Маҷлиси поёнии порламони Қазоқистон аз Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст, ки қабл аз вақт онро парканда кунад.

Қабидулло Жақиров-раиси Маҷлис 13 январ эълон кард, ки тасмим дар бораи пароканда кардани порламонро намояндагон ба иттифоқи оро қабул карданд. Ин пешниҳодро баъд аз поин рафтани арзиши танга-пули миллии Қазоқистон як гурӯҳи намояндагони порламон пешниҳод карданд.

Қазоқистон чун кишвари бузурги иқтисодии Осиёи Миёна ва кишвари дорои захираҳои нафт зери таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия бо поин рафтани нархи нафт мубориза мекунад.

Бино ба қонунҳои Қазоқистон, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳақ дорад, пеш аз вақт порламонро пароканда кунад ва дар давоми ду моҳи баъд аз пароканда шудани порламон рӯзи баргузории интихоботи зудрасро эълон кунад.

Мӯҳлати фаъолияти порламони кунунӣ бояд дар тирамоҳи соли 2016 ба поён расад.

XS
SM
MD
LG