Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, ки Амрико бояд узр бихоҳад


Алӣ Фадавӣ

Алӣ Фадавӣ

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мегӯяд, Теҳрон аз Амрико хостааст, ки барои вуруди ду қоиқи нируҳои дарёиаш ба обҳои Эрон узр бихоҳад.

Дарёсолор Алӣ Фадавӣ-фармондеҳи нируҳои дарёии Сипоҳи Эрон 13 январ тавассути телевизиони давлатии кишвараш гуфт, “рафтори ғайрикасбӣ” сабаби ин боздошт дар обҳои наздики ҷазираи Форсӣ шудааст.

Баъдтар Фадавӣ гуфт, ки ин масъала “ҳал мешавад” ва онҳоро ба зудӣ раҳо мекунанд. Вай гуфт, “бозрасиҳо нишон медиҳад, ки маллоҳони Амрико ба сабаби мушкили дастгоҳи раҳнамо ё навигатор вориди обҳои Эрон шудаанд”.

Мақомоти расмии Амрико ба хабаргузории Ассошиетед Пресс гуфтаанд, ки яке аз қоиқҳо нуқси техникӣ пайдо кардааст ва онҳо дар атроф шино мекардаанд ва дар ҳамин вақт онҳоро боздошт карданд.

Як мақоми дигари Амрико гуфт, мо бо мақомоти Эрон дар тамос шудем ва онҳо ба мо хабар доданд, ки амнияти шаҳрвандони мо таъмин аст ва бо онҳо муносибати хуб доранд”.

Дар изҳороте, ки хабаргузории ИСНО-и Эрон пахш кардааст, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст, ки аз 10 нафар боздоштшуда 9 нафар мард ва як нафар зан мебошанд. Дар ин изҳорот омадааст, маллоҳон “кӯмакҳои исломӣ” гирифтаанд ва дар ҷои “муносиб” нигаҳдорӣ мешванд.

XS
SM
MD
LG