Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯзбекистон маркаи нав ба бозор омад


Вазорати рушди фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Ӯзбекистон дар ҳафтаи гузашта маркаи махсуси почтаии “Фоҷиаи баҳри Арал”-ро ба муомила баровард.

Дар ин бора ширкати саҳҳомии “Почтаи Ӯзбекистон”, ки ин маркаро тавлид кардааст, хабар дод.

Гуфта мешавад, ки маркаи “Фоҷиаи баҳри Арал” бо машварати Иттиҳоди ҷаҳонии почта ба мавзӯи “Коҳиши хатари ҳодисаҳо” бахшида шудааст.

Дар ин марка фоҷиаи муҳитзистии баҳри Арал инъикос ёфтааст. Дар замима бо хати лотинӣ “Коҳиши оқибатҳои фоҷиаи муҳитзистии баҳри Арал” навишта шудааст.

Ин марка бо миқдори 7 ҳазор нусха нашр шудааст. Ба ин марка шумораи шиносоӣ дода шуда, арзишаш муайян гардидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG