Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ICG аз Душанбе дар бораи таъқиб


“Гуруҳи байналмилалии буҳронӣ” (ICG) ба Душанбе тавсия дод, ки таъқиби дигарандешонро қатъ кунад.

Чанд тавсияи дигар барои Тоҷикистон дар гузориши ICG, ки дар сомонаи созмон нашр шуд, дарҷ гардидааст. Таҳлилгарони ICG дар гузориши худ зери номи “Ҳушдори пешакӣ ба Тоҷикистон: Фишорҳои дохилӣ, таҳдидҳои берунӣ”, навиштаанд, ки Тоҷикистон – фақиртарин кишвар дар Осиёи Марказӣ бо фишорҳои дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯст.

Муаллифон менависанд, ки ҳукумронии 23-солаи Эмомалӣ Раҳмон боиси хушунат, бемасъулиятӣ, фасод ва муҳоҷирати сартосарӣ шудааст. “Даромади асосии кишвар маблағи муҳоҷирон ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст”, - омадааст дар гузориш.

Ба андешаи муаллифон, назорати шадиди озодиҳои динӣ ва мухолифони сиёсӣ, ба вижа, манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хатарҳои ташаннуҷро дар кишвар боло мебарад.

ICG бар ин назар аст, ки манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон ва созмони террористӣ эълон кардани он шаҳодати он аст, ки ҳукумати кишвар дигарандеширо қабул надорад.

XS
SM
MD
LG