Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, ки Эрон ду қоиқи нируҳои дарёии Амрикоро бо 10 нафар боздошт кардааст ва ба Амрико гуфтааст, ки ин афродро ба зудӣ раҳо мекунад.

Питер Кук-сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст, ки ин қоиқҳо 12 январ дар обҳои миёни Кувайт ва Баҳрайн шино мекардаанд ва дар ҳамин вақт бо онҳо иртибот қатъ шудааст.

Кук гуфт, “мо бо ҷониби Эрон дар тамос шудем ва онҳо моро мутмаин сохтанд, ки афрод ва қоиқҳоро ба зудӣ раҳо мекунанд”. Ин рӯйдод дуруст чанд соат пеш аз паёми солонаи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба иҷлоси муштараки ҳар ду маҷлиси Конгресс рух дод ва нигарониҳои ғайриинтизорро ба бор овард.

Мақомоти расмии Амрико ба хабаргузории Ассошиетед Пресс гуфтаанд, ки яке аз қоиқҳо нуқси техникӣ пайдо кардааст ва онҳо дар атроф шино мекардаанд ва дар ҳамин вақт онҳоро боздошт карданд.

Як мақоми дигари Амрико гуфт, мо бо мақомоти Эрон дар тамос шудем ва онҳо ба мо хабар доданд, ки амнияти шаҳрвандони мо таъмин аст ва бо онҳо муносибати хуб доранд”.

Дар изҳороте, ки хабаргузории ИСНО-и Эрон пахш кардааст,Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст, ки аз 10 нафар боздоштшуда 9 нафар мард ва як нафар зан мебошанд. Дар ин изҳорот омадааст, маллоҳон “кӯмакҳои исломӣ” гирифтаанд ва дар ҷои “муносиб” нигаҳдорӣ мешванд.

XS
SM
MD
LG