Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар моҳи майи соли ҷорӣ бунёди қисмати тоҷикистонии хати баландшиддати интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 шурӯъ хоҳад шуд.

Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири захираҳои об ва энерҷии Покистон пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар моҳи майи соли ҷорӣ бунёди қисмати тоҷикистонии хати баландшиддати интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 шурӯъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Осиф, интизор меравад дар маросими шурӯъи сохтмони хати интиқолди неруи барқи CASA-1000 руасои ҷумҳурии Қирғизистон, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат кунанд.

Дар назар аст, сохтмониин хати баландшиддати интиқоли неруи барқ дар соли 2020 комилан анҷом шуда ва судури неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон шурӯъ шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, барои бунёди қисмати тоҷикистонии хати интиқооли неруи барқи CASA-1000 320 миллион доллари амрикоӣ лозим буда ва давлати Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба ин манзур сармояҳои ниҳодҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои хориҷӣ ҷалб хоҳад шуд.

Зимнан, дар охири моҳи гузашта парлумони Тоҷикистон санадҳои байналмилалии марбут ба ин тарҳро тасдиқ кард. Бино ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин тарҳ Анҷумани байналмилалии рушд, як сохтори Бонки Ҷаҳонӣ, 45 миллион доллар, Бонки Исломии Рушд 70 миллион доллар, Бонки бозсозию тавсеъаи Аврупо 110 миллион доллар ва Бонки сармоягузории Аврупо 79 миллион доллар ҷудо хоҳанд кард. Саҳми давлати Тоҷикистон 15 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, нигарониҳои ҷиддӣ дар мавриди таъмини амният ва фаъолияти муназзами ин хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ аз тариқи қаламрави Афғонистон ҳамчунон боқӣ мондааст. Ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти ин хатти барқро замонат дода ва умедворанд барои транзити ҳар киловат-соати неруи барқ 1,25 сенти амрикоӣ ба даст оранд.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, дар моҳи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, давлати Афғонистон қудрат ва тавоноии таъмини амнияти бунёд ва фаъолияти ин хати интиқоли неруи барқро дорад.

Ҷаноби Орзу ба унвони мисол аз хати 220 киловатии интиқоли неруи барқ аз неругоҳи Сангтӯдаи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кундуз ва Пули Хумрӣ, дар шимоли Афғонистон ёдовар шуда буд, ки бо вуҷуди даргириҳо миёни гурӯҳи Толибон ва неруҳои давлатӣ дар ин манотиқ дар муддати беш аз 5 сол фаъол аст.

Феълан Тоҷикистон имкон дорад аз моҳи апрел то ноябр ба Афғонистону Қирғизистон ба миқдори 1,3 миллиард киловатт-соат неруи барқро бо арзиши аз 2,5 то 3,7 сентӣ барои 1 киловатт-соат содир кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тобистон ҳудуди 3 миллиард киловатт-соат неруи барқи ин кишвар ба далели камбуди хатти интиқол талаф мешавад.

Гуфта мешавад, дар сурати иҷрои тарҳи CASA-1000 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ роҳ ба бозори энерҷии минтақа боз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG