Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии санҷишии «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва«Истиқлол»-и Душанбе дар Қайроққум бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Бозии санҷишии «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва«Истиқлол»-и Душанбе дар Қайроққум бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Бозии санҷишӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе шоми сешанбеи 12 январ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд,дар майдони маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон,бо ҳисоби мусовии 1:1ба поён расид. Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии ҳарду даста ба Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2016 сурат гирифт.

Дар дақиқаи 17-уми бозӣ футболбозони “Истиқлол” дар майдончаи ҷаримавии худ муқобили Дилшод Бозоров, бозигари “Хуҷанд”, дағалона бозӣ карданд. Сардовари бозӣ Хуршед Дадабоев ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров ба дарвозаи “Истиқлол” зада, ҳисобро боз намуд.

Дар дақиқаи 76-ум ба Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол” ва беҳтарин бозигару нишонзани мавсими соли гузашта, муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд.

Бозии дувуми санҷишӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол” дар ин майдон рӯзи ҷумъаи 15 январ баргузор мешавад. Бозӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Бозии санҷишӣ

«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 1:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 17 аз пеналтӣ (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 76 (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, ДалерТухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Ҳасан Рустамов (Шероз Абдуллоев, 78), Дилшод Каримов (Руслан Раҳматов, 80), Сафаралӣ Каримов (Мубинҷон Муъминов, 83), Илҳом Баротов, Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Бозоров (Маъруфҷон Марифбоев, 85), Фарҳод Тоҳиров (Саидҷон Шарифов, 65).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Андрей Черчесов, Петро Ковалчук, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов, Олександр Каблаш.

Бозигари беҳтарини бозӣ: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»).

Огоҳонида шуданд: Маъруфҷон Марифбоев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев, Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (“Хуҷанд”).

12 январ. Қайроққум. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 200 тамошобин.

XS
SM
MD
LG