Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай.Толибон набояд музокиротро таҳрим кунанд


Ҳикмат Карзай

Ҳикмат Карзай

Як мансабдори аршади афғон аз Толибон хост, ки раванди сулҳ бо ҳукумати Кобулро таҳрим накунанд, зеро идомаи ҷанг паёмадҳои сангин хоҳад дошт. Изҳороти муовини вазири умури хориҷии Афғонистон Ҳикмат Карзай рӯзи 12 январ, баъд аз бозгашташ аз мулоқоти дипломатҳои чаҳор кишвар дар шаҳри Исломобод, садо дод.

Дипломатҳои Покистон, Афғонистон, ИМА ва Чин дар Исломобод рӯзи 11 январ ба хотири таҳияи нақшаи гуфтушуниди сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” музокира карданд. Дар ин гуфтушунид Ҳикмат Карзай, вазири умури хориҷии Покистон Эъзоз Чаудрӣ ва дипломатҳои воломақоми ИМА ва Чин ширкат доштанд. Музокирот бидуни ширкати толибон гузашт.

Карзай таъкид кард, ҳама кишварҳои вориди ин гуфтугӯ мехоҳанд, ки дар Афғонистон сулҳи доимӣ барқарор шавад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Ҳикмат Карзай гуфт, ки бахши аъзами толибон ҳа хостори сулҳанд ва афзуд, алайҳи онҳое, ки мухолифи сулҳу оштӣ дар кишваранд, аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирем. Ӯ афзуд, ки низоъ дар Афғонистон ҷанги миёни афғонҳо нест ва ба даст доштани унсурҳои хориҷӣ дар ин низоъ ишора кард.

Мақомоти Кобул солҳо боз Покистонро дар пуштибонии толибон дар шаҳрҳои воқеъ дар марзҳои Афғонистон, аз ҷумла, дар Квейта ва Пешовар айбдор мекунанд. Исломобод ин иттиҳомро қабул надорад.

Дар нишасти Исломобод тасмим гирифта шуд, ки ҳайатҳои чаҳор кишвар бори дигар рӯзи 18 январ дар Кобул ҷамъ оянд. Ба он нишаст ҳам толибон даъват нашудаанд.

XS
SM
MD
LG