Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Кувайт рӯзи 12 январ ду нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон ва гурӯҳи шиаи Ҳизбуллоҳи Лубнон маҳкум ба эъдом кард. Ҳукми яке аз муттаҳамон – шаҳрванди Эрон дар ғайбаш эълон шуд.

Дар ин мурофиа шиаҳои дигари муттаҳам ба ҳамлаҳо дар Кувайтро ба мӯҳлати аз 5 то 25-солӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Се нафар ба пардохти ҷарима маҳкум шуданд.

Таниш миёни Эрон ва кишварҳои суннимазҳаби Халиҷи Форс баъд аз он афзоиш ёфт, ки ба думболи эъдоми рӯҳонии шиа шайх ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз рӯзи 2 январ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд. Арабистони Саъудӣ дар посух робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 декабр сафирашро аз Теҳрон бозхонд. 7 январ Сомалӣ ҳам эълон дошт, ки робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG