Пайвандҳои дастрасӣ

Розита Лутфӣ раҳбари нави бахши форсии ББС – ширкати суханпарокании Бритониё таъин шудааст. Розита Лутфӣ гуфт, барои ироаи ахбору иттилооти холис барои 15 миллион корбарони радиову телевизион ва сомонаҳои бахши форсии ББС дар Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои дигари форсизабон дар саросари дунё талош хоҳад кард. Розита Лутфӣ адабиёти англисро дар Донишгоҳи Теҳрон омӯхта, аз соли 1996 дар бахши форсии ББС кор мекунад. Ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки дар соли 2009 дар саргаҳи таъсиси телевизиони форсии ББС истода буданд. ББС қаблан дар Душанбе ҳам дафтар дошт, вале ду сол пеш шумори коргаронашро дар Тоҷикистон шадидан коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG