Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, гуфт, ки таркиш дар маркази шаҳри Истамбул эҳтимолан аз сӯи маргталаби суриягӣ анҷом шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 12 январ дар наздикиҳои лавҳаи ёдгории Феодосия дар минтақаи сайёҳии Султонаҳмад рӯй дод, дасти кам даҳ нафар кушта ва 15 каси дигар, аз ҷумла, се шаҳрванди Олмон маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки маргталаб худро дар канори сайёҳони хориҷӣ тарконидааст. Эрдуғон гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳам туркҳо ва ҳам хориҷиҳо ҷон бохтаанд. Бар асари таркиш як мошини полис чаппа шудааст.

Султонаҳмад аз маъруфтарин минтақаҳои таърихӣ ва сайёҳии Туркия маҳсуб мешавад ва аз соли 1985 ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО - Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ шомил аст.
Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Дафтари нахуствазир Аҳмад Довудоғлу пахши иттилоъ дар бораи таркиш аз тариқи садову симоро манъ кард. Бар пояи қавонини Туркия, ҳукумат дар ҳоли таҳдид ба амнияти миллӣ ва тартиботи ҷомеъа метавонад аз ин чора кор бигирад.

Се моҳ пеш, рӯзи 10 октябри соли гузашта, бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Анкара беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти Туркия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” карда буданд. Дар ҳамлаҳои қаблӣ дар Туркия курдҳо ва чапгароҳо низ айбдор мешуданд.

XS
SM
MD
LG