Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ кушта дар таркиш дар майдони Султонаҳмад


Таркиш дар маркази шаҳри Истамбули Туркия мунҷар ба ҳалокати дасти кам 10 нафар шудааст. Бар пояи хабарҳо, рӯзи 12 январ як маргталаб худро дар майдони Султонаҳмад дар канори сайёҳони хориҷӣ тарконидааст. Дар ин ҳодиса дар канори Масҷиди Кабуд сайёҳон аз Олмон осеб дидаанд, навиштаанд баъзе расонаҳо.

Султонаҳмад аз маъруфтарин минтақаҳои таърихӣ ва сайёҳии Туркия маҳсуб мешавад ва аз соли 1985 ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО - Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ шомил аст.

Мақомоти Туркия хабари ҳалокати одамонро тасдиқ кард ва гуфтаанд, ки иттилоъ дар бораи осебдидагон дақиқ карда мешавад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бар асари таркиш як мошини полис чаппа шудааст. Кормандони полис ҷойи ҳодисаро иҳота кардаанд, ба майдони Султонаҳмад мошинҳои зиёди ёрии таъҷилӣ омаданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Се моҳ пеш, рӯзи 10 октябри соли гузашта, бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Анкара беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 500 каси дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Мақомоти Туркия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” карда буданд.

XS
SM
MD
LG