Пайвандҳои дастрасӣ

Русия омодааст, ки дар сурати зарурат ба раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад паноҳгоҳ диҳад. Ин изҳороти раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бахши дуввуми мусоҳибааш бо нашрияи олмонии Bild пахш шудааст. Идомаи мусоҳиба рӯзи сешанбе, 12 январ чоп шуд. Ҳамзамон Путин гуфтааст, дар бораи паноҳгоҳ додан алҳол чизе гуфтан барвақт аст, зеро шояд баъд аз интихобот дар Сурия барои Башор Асад зарурати тарки кишвар пеш наояд.

Сарвари Русия ба зарурати ислоҳоти конститутсионӣ дар Сурия ва ба думболи он баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ва президентӣ таъкид кардааст. Русия намехоҳад, ки Сурия сарнавишти Либия ё Ироқро такрор кунад, афзудааст Владимир Путин.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳалокати мардуми осоиштаи Сурия онҳое айбдоранд, ки бо нерӯҳои содиқ ба Башор Асад меҷанганд.

Путин иқрор кардааст, ки раисиҷумҳур Башор Асад замони низоъ дар Сурия ба иштибоҳҳои зиёд роҳ додааст. "Аммо магар мову шумо намедонем, ки агар низоъ аз ибтидо аз беруни кишвар бо ироаи пулу силоҳу афроди мусаллаҳ пуштибонӣ намешуд, то ба ин дараҷа густурда намешуд?", суол кардааст раҳбари Русия.

XS
SM
MD
LG