Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 12 январ дар нишасти ҳарду палатаи Конгресс охирин паёми солонаи худро дар бораи вазъи кишвар ироа мекунад.

Ба иттилои Кохи Сафед, ин паёми солонаи раисиҷумҳур аз паёмҳои пешин фарқ дорад ва дар он обама на ба ҷойи корҳои анҷомдодаи маъмурият, балки рӯи таҳдидҳои дарозмуддат ба ИМА тамаркӯз мекунад. Дар меҳвари паём ҷангҳо дар Ховари Миёна, мубориза бо террор ва мушкили паноҳандагон аз Ховари Миёна қарор хоҳад дошт.

Як бахши суханронии Барак Обама ба мавзӯъи назорат аз болои фурӯши силоҳ дар Амрико, ба вижа, дар пасманзари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Сан-Бернардино, ва сарнавишти 5 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Амрикои Лотин, ки аз раисиҷумҳур хостори ҷилавгирӣ аз истирдодашон шудаанд, бахшида мешавад. Сухан аз эътои шаҳрвандӣ ба волидайни кӯдакони худрсоли шаҳрванди Амрико ваё онҳое меравад, ки айёми наврасӣ вориди кишвар шудаанд. Аммо додрасҳо аз татбиқи ин ибтикори раисиҷумҳур ҷилавгирӣ мекунанд.

Нозирон мегӯянд, ки чун дар ҳарду палатаи Конгресс теъдоди ҷумҳурихоҳон бештар аст, пазируфта шудани ягон пешниҳоди бузурги раисиҷумҳур дар охирин соли раҳбарияш ғайримумкин ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG