Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон ба зарардидагони Бадахшон 1 миллион доллар медиҳад


Давлати Покистон эълон кард, ба сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бар асари заминларзаи шадиди моҳи гузашта зарар дидаанд, ба маблағи 1 миллион доллар кумак мефиристад.

Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири захираҳои об ва энерҷии Покистон, рӯзи 12 январ ҳангоми суҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ба зарардидагони заминларзаи 7 декабр дар вилояти Бадахшон ба миқдори 1 миллион доллар кумак хоҳад кард.

Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дода, бар асари он даҳҳо манзили сокинон вайрон ва ду нафар ҷон бохтанд. Аз ин офати табиӣ бештар ноҳияи Рӯшони ин вилоят осеб дид. Ҳукумати Тоҷикистон мизони хисороти иқтисодӣ аз заминларзаро 3,5 миллион доллар баровард кардааст.

Қаблан, Амрико, Олмон, Озарбойҷон ва Русия ба осебдидагони заминларза дар вилояти Бадахшон кумаки башардӯстона ирсол карда буданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Хоҷа Муҳаммад Осиф ва Эмомалӣ Раҳмон дурнамои ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар баррасӣ ва аз ҷумла, "ба аҳамияти хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 таъкид шуда" ва ин тарҳ барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика муҳим арзёбӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар самтҳои бунёди роҳҳои автомобилрав, роҳҳои оҳан ва азсаргирии парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Исломобод, ҷалби сармояи Покистон дар бахшҳои энерҷӣ, истихроҷи нафту гоз ва маъданҳо матраҳ кардаанд.

Ҳоҷа Муҳаммад Осиф бо Сироҷиддин Аслов ва Усмоналӣ Усмон, вузарои хориҷӣ ва энерҷии Тоҷикистон дидор кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG