Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол”-и Душанбе, ки ба Ҷоми AFC-2016 омодагӣ мебинад, бо чаҳор бозигари нав шартнома бастааст.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба Ҷоми AFC-2016 омодагӣ мебинад, рӯзи 11 январ бо чаҳор бозигари нав шартнома ба имзо расонд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, роҳбарияти бошгоҳ бо мақсади ҷавонтар кардани ҳайати асосии даста бо чаҳор бозигари тимҳои мунтахаби ҷавонон (U-22) ва миллии Тоҷикистон – нимҳимоятгарон Ҷаҳонгир Алиеви 19-сола (“Хуҷанд”), Нозим Бобоҷонови 20-сола ва Фаридун Шарифови 21-сола (ҳарду - Регар-ТадАЗ»), инчунин дарвозабон Эмомалӣ Сониеви 19-сола (“Барқи тоҷик”) ба муҳлати се сол шартнома бастааст.

Дар ҳоли ҳозир ин футболбозон дар ихтиёри мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) мебошанд, ки 16 январ барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2016 ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар мекунад. Бозигарони нав баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 ба «Истиқлол» мепайванданд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар доираи омодагиҳо ба мавсими нав дар шаҳрҳои Қароққуми вилояти Суғд ва Тошканди Узбакистон чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Футболбозони Душанбе рӯзҳои 12-ум ва 15-уми январ дар шаҳри Қайроққум бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, ду бозии санҷишӣ хоҳанд кард.

Дарвоқеъ, “Хуҷанд” дар айни ҳол ба бозии плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2016, ки 9-уми феврал дар меҳмонӣ бо дастаи «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Бозиҳои санҷишии “Истиқол” бо бошгоҳҳои футболи Узбакистон – «Олмалиқ» ва «Нефтчӣ» - дар шаҳри Тошканд, дар варзишгоҳи Академияи бошгоҳи футболи «Бунёдкор», баргузор мешаванд.

“Истиқлол” бо «Олмалиқ» рӯзи сешанбеи 19-уми январ рақобат мекунад. Бозии санҷишии “Истиқлол” бо «Нефтчӣ”-и Фарғона, қаҳрамони панҷкаратаи Узбакистон, рӯзи ҷумъаи 22-юми январ доир хоҳад шуд.

Ба шаҳри Тошканд «Истиқлол» дар рӯзҳои ин бозиҳо аз шаҳри Қайроққум, ки дар ин ҷо ҷамъомади таълимиву тамринии даста ҷараён дорад, сафар хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки дар мавсими гузашта дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқоти қаҳрамонии Узбакистон «Нефтчӣ» дар ҷойи панҷум ва «Олмалиқ» дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол»:

12 январ (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Истиқлол» — «Хуҷанд»

Қайроққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

15 январ (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хуҷанд» — «Истиқлол»

Қароққум, варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

19 январ (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Олмалиқ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

22 январ (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Нефтчӣ» — «Истиқлол»

Тошканд, варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG