Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 тонна ёрии башарии Русия ба Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия эълон кард, ки ба осебдидагони заминларзаи рӯзи 7 декабри соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 32 тонна ёрии башардӯстона мефиристад. Бино ба хабари торнамои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ин кумакҳо асосан аз хайма, болопӯш ва нерӯгоҳҳои хурди сайёр иборат буда, тариқи ҳавопаймои Ил-76 ба фурудгоҳи Душанбе оварда мешаванд.

Рӯзи 7 декабри 2015 як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод ва Маркази зилзилашиносии кишвар гуфт, ки маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон зиёни ин заминларзаро беш аз 24 миллион сомонӣ гуфтаанд. Дар ин зилзила 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, садҳо хонаи сокинон вайрон шудааст.

Амрико аз нахустин кишварҳои хориҷӣ буд, ки ба осебдидагони ин зилзила дар вилояти Бадахшон ба маблағи 100 ҳазор доллар кумакҳои инсонӣ расондааст.

XS
SM
MD
LG