Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могеринӣ: Таҳримҳо алайҳи Эрон лағв мешаванд


Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, ки таҳримҳои иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Эрон ба зудӣ бекор карда мешаванд. Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ тобистони соли гузашта ба созмш расиданд, ки Теҳрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро маҳдуд мекунад.

Федерика Могеринӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Прага, рӯзи 11 январ гуфт, ки рӯзи лағви таҳримҳо алайҳи Эрон маълум нест, аммо татбиқи созиши ҳастаӣ хело хуб идома дорад. Дар нишасти хабарӣ ба думболи мулоқот бо вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Чех Любомир Заоралек, хонум Могеринӣ афзуд, агар нуктаҳои созиш иҷро шаванд, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Теҳрон ба зудӣ аз байн бурда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG