Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши гулулаи миномёт дар як мактаб дар шарқи Афғонистон дасти кам се кӯдак ба ҳалокат расид. Вазорати маорифи Афғонистон рӯзи 11 январ хабар дод, ки дар ин ҳамла дар вилояти Хуст ҳашт толибилми мактаби миёна ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Хуст, ки дар марз бо Покистон воқеъ аст, моҳҳои ахир минтақаи ором маҳсуб мешуд, ҳарчанд моҳҳои апрел ва июли соли гузашта бар асари ду ҳамлаи маргталабона даҳҳо нафар ҷон бохтанд.

Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дипломатҳои Покистон, Афғонистон, ИМА ва Чин рӯзи 11 январ дар Исломобод ба музокирот ба хотири таҳияи нақшаи гуфтушуниди сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” шурӯъ карданд.

XS
SM
MD
LG